Аз 11 то 22 ноябри соли ҷорӣ 29 - умин Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP29) дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон барузор мегардад. Тибқи муқаррароти қаблугардида, Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи мазкур дар як сол як маротиба бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳайати васеъи намояндагони кишварҳои аъзо, роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ, минтақавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар тарафҳои ҳавасманд баргузор мегардад.
Қобили қайд аст, ки Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим COP29 яке аз муҳимтарин платформаҳое мебошад, ки дар он сиёсати умумиҷаҳонии иқлим баррасӣ мегардад. Кишварҳои иштироккунанда дар мавриди коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ва суръатбахшии захираҳои энергетикӣ мубодилаи афкор менамоянд. COP29 ҳамчун «COP-и молиявӣ» муайян карда мешавад, зеро дар он барои давлатҳо ҳадафи нави умумиҷаҳонии маблағгузории чораҳо бобати мубориза бо тағйирёбии иқлим муқаррар мегардад.
Дар доираи нақша-чорабиниҳо Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронс дар шаҳри Боку бо мақсади муаррифӣ ва пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ, ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба осебпазирии баланди ҷумҳурӣ ба паёмадҳои тағйирёбии иқлим, афзудани бештари сармоягузорӣ барои мутобиқ гардонидани соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар ба тағйирёбии иқлим ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ташкил мегардад.
АКС аз сарчашмаҳои озод
12.11.2024