Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Ҷамъомади идонаи тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Президент” ва “32-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Санаи 15 ноябри соли 2024 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идонаи тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Президент” ва “32-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва коллективи меҳнатии Агентӣ иштирок доштанд.

Ҷамъомади идонаро бо сухани муқаддимавӣ муовини Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Байдуллоева Ҷ.А. оғоз намуда, матни табрикоти Директори Агентиро бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “32-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қироат намуданд.

Мавсуф дар баромади худ чунин баён доштанд: - “Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯзҳо дар ҳаёти сиёсии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли азизамон боз ду рӯйдоди муҳими сиёсӣ, яке «Рӯзи Президент», дигаре “32 –юмин  солгарди Иҷлосияи XVI - и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил карда мешаванд. 32 сол муқаддам, яъне санаи 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI - и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Ҳуҷанд баргузор гардид, ки имрӯзҳо ва минбаъд дар таърих бо номи «Иҷлосияи тақдирсоз» ёд шуда истодааст ва мешавад. Бояд зикр кард, ки Пешвои муаззами миллат дар баланд бардоштани обрӯву эътибори Тоҷикистон, шуҳратёр гардидани он дар арсаи байналмилалӣ, иштироки мустақими кишвари тозаистиқлол дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми назаррас дошта, оид ба ҳалли ин масоил аз тариқи минбарҳои бонуфузи дунё иқдомҳои наҷибро ироа доштанд, ки ин ташаббусҳо аз ҷониби тамоми мамолики ҷаҳон дастгирӣ ёфтанд”.

 Сипас дар баромади мутахассисони соҳавии Агентӣ оид ба дастоварҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, азму иродаи хастанопазири фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханрониҳои пурмуҳтаво ироа гардид. Қайд карда шуд, ки воқеан ҳам, Иҷлосияи таърихии XVI - и Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи заррини таърихи тоҷикон буда, нақши Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини сулҳу суботи комил, сарҷамъии миллат ва таҳкими пояҳои давлати навини тоҷикон бузургарзиш мебошад.


15.11.2024