Санаи 13 ноябри соли 2024 дар ҳошияи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар Павилиони Креосфера чорабинӣ оид ба мавзӯи “Якҷоя ба пешвозгирии Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардид, ки дар он мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносӣ Раҳмонов Р.- сардори Маркази яхшиносӣ ва Рӯзиев К.- сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, дар мавзӯъҳои «Тоҷикистон ҳамчун давлати ташабускор дар соҳаи обу иқлим” ва “Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баромад намуданд.
Мутахассисони соҳавӣ зимни суханронияшон қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти муҳими пиряхҳо ва таҳдидҳои тағйирёбии иқлимро дарк намуда, соли 2009 дар Копенгаген, Конфронси 15-уми Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим аввалин маротиба дар бораи таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пешниҳод намуданд, ки ташаббуси мазкур содиқ будани кишвари моро дар ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим, захираҳои обӣ, обшавии пиряхҳо ва оқибатҳои глобалии он таъкид менамояд.
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқ қабул кард, ки дар он аҳамияти пиряхҳо ҳамчун ҷузъи давраи гидрологӣ қайд карда шуда, обшавии босуръати пиряхҳо ва ақибнишинии пиряхҳо ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Дар охири чорабинӣ иштирокчиён ба аввалин Конфронси ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар ш.Душанбе баргузор меградад, даъват карда шуданд.
15.11.2024