Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

ТОЗАВУ ОЗОДА НИГОҲ ДОШТАНИ МУҲИТИ ЗИСТ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ

Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ ва бунёди гулгашту хиёбонҳои нав дар шаҳри Душанбе баён доштанд, кормандони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста бо ташкили маъракаҳои ҳашар ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани атрофи бинои Агентӣ ва шабакаҳои давлатии обуҳавосанҷӣ саҳмгузорӣ менамоянд.

      Санаи 16 ноябри соли ҷорӣ ҷиҳати иҷроиши нақшаи чорабиниҳои Агентии обуҳавошиносӣ дар самти корҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари дастаҷамъона доир гардид.

             Бояд қайд намуд, ки кормандони Дастгоҳи марказӣ ва шабакаҳои давлатии обуҳавосанҷии Агентӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барои ба тартиб даровардан ва тозаву озода намудани гузаргоҳҳои дохил ва гирду атроф дастаҷамъона фаъолият намуда, баҳри зебою хуррамгардонии муҳити зист, ҷиҳати боз ҳам зеботар намудани пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе пайваста саҳми арзандаи худро мегузоранд. 

16.11.2024