Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Дар Павилиони милии Тоҷикистон дар COP29 Рузӣ Президент таҷлил карда шуд

Рӯзи 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як сокини кишвар боиси ифтихор буда, он чун рамзи қадрдонӣ ба хизматҳои нотакрори таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ ва сиёсӣ дар шаҳри Боку бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Павилиони милии Тоҷикистон дар доираи COP29 Рузӣ Президент таҷлил карда шуд, ки дар он роҳбарият ва мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносӣ иштирок намуданд.

Чорабинии канорӣ бо сухани ифтитоҳии Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода оғоз гардида, иброз намуданд, ки агар аз рӯйи дарки ҳақиқат хизматҳои қиёснашавандаи Сарвари давлатро бо амалҳои созандагиву бунёдкориашон пеши назар орем, қобилияти баланди кордонӣ ва касбияти сиёсии ин шахсияти нотакрору беназир ҳамчун Пешвои миллат инъикос мегардад. Воқеан ҳам, хизмату фидокорӣ ва ҷоннисориҳои Сарвари давлат барои ҳар фарди худшиносу миллатдӯст ва ватандӯсту ватанпарвар сабақи ибрат аст.

Сипас Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода дар баромади худ қайд намуд, ки ин сана барои мардуми Точикистон хеле мухим буда, маҳз бо хизматҳои бузурги худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишваро аз вартаи нобуди наҷот дода сулҳу суботро дар сартосари кишвар барқарор карданд.

Инчунин, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдурраҳомон дар баромади худ қайд намуданд, ки бо ҳидояти Пешвои миллат, Тоҷикистон дар зарфи беш аз 30 сол бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, узви комилҳуқуқи 57 созмони байналмилалию минтақавӣ гардид.

Дар фарҷоми қисмати тантанавии меҳмонон аз намоиши китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намоишгоҳи суратнавораҳои табиати зебои Тоҷикистон дидор карданд.


17.11.2024