Дар доираи баргузории 29 - умин Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP29) дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон вохӯрии директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо роҳбарияти Хадамоти федералии обуҳавошиносӣ ва мониторинги муҳити зисти Вазорати захираҳои табиӣ ва экологияи Федератсияи Руссия Игор Шумаков баргузор гардид.
Дар ин дидор роҳбарияти Хадамоти обуҳавошиносии Федератсияи Руссия “Росгидромет” ҷиҳати ташкили бошукӯҳи ҷаласаи 35-уми Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки санаи 11 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, миннатдорӣ намуда, намояндагони Агентии обуҳавошиносиро бо сафари корӣ ба Хадамоти обуҳавошиносии Россия даъват намуданд.
Роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ гузаронидани экспедитсияи муштаракро дар пиряхҳои Тоҷикистон дар соли 2025 дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пешниҳод намуданд, ки бо хушнудӣ қабул гардид. Ҳамзамон дар ин вохӯрӣ масъалаҳои омӯзиши мутахассисони соҳавӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва ҳамкориҳои минбаъда дар самти обуҳавошиносӣ матраҳ гардиданд.
18.11.2024