Санаи 16 ноябри соли 2024 дар ҳошияи 29 - умин Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP29) дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон чорабинӣ бахшида ба “Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардид, ки дар рафти он мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон иштирок намуданд. Чорабинии мазкур дар Павилиони Криосфера аз тарафи Ташкилоти “ЮНЕСКО” ташкил гардида, дар он намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (СУО) ва олимону коршиносони масоили обу иқлим иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур масалаҳои ҳамкориҳо ва роҳҳои ҳали мушкили марбут ба Криосфера мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар рафти чорабинӣ мутахассисони соҳавии Агенӣ, аз ҷумла сардори Маркази яхшиносӣ Раҳмонов Р. ва сармутахассиси Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муродзода Ш. дар мавзӯъҳои ташаббуси панҷуми ҷониби Тоҷикистон дар бораи эълон гардидани «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва ташаббуси навбатӣ оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ” (криосферӣ) суханронӣ намуданд.
18.11.2024