Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Системаи роҳнамоии обхезии шадид дар минтақаи Осиёи Марказӣ (CARFFGS)”

Санаи 21 ноябри соли 2024 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омузишӣ оид ба мавзӯи “Системаи роҳнамоии обхезии шадид дар минтақаи Осиёи Марказӣ (CARFFGS)” барои мутахассисони соҳавӣ баргузор гардид. Семинари мазкурро сардори шуъбаи пешгўии обшиносии Маркази пешгўии обуҳавосанҷӣ Шарофиддинов Сафархон роҳандозӣ намуд.

Дар доираи ин семинари мазкур мутахассисони соҳавӣ оид ба Системаи идоракунии обхезии фаврӣ (FFGS), ки як системаи пешгӯии боришоти шиддатнок буда, ҳамзамон ҷиҳати огоҳии саривақтӣ ва дақиқ оид ба обхезӣ пешбинӣ шудааст, донишҳои назариявӣ ва амалиашонро такмил доданд.

Бояд қайд намуд, ки Системаи минтақавии роҳнамоии обхезӣ дар Осиёи Марказӣ (CARFFGS) аз ҷониби Маркази тадқиқоти гидрологӣ (HRC) таҳия шуда, аз ҷониби Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (СУO) назорат шуда, барои пешниҳоди огоҳӣ аз обхезӣ дар панҷ кишвари пасошӯравии Осиёи Марказӣ тарҳрезӣ шудааст.

Системаи “CARFFGS”  аз ҷониби Хадамоти миллии обуҳавошиносии Қазоқистон (Казгидромет) идора шуда, барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ дастрас буда, айни замон дар Агентии обуҳавошиносӣ истифода мегардад. 

21.11.2024