Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

24 ноябр -Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 22 ноябри соли 2024 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи Парчами миллӣ” маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва тамоми раёсат, марказ, шуъбаҳои Агентӣ иштирок доштанд. Нахуст муовини Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Байдуллоева Ҷ.А. аҳли коллективи меҳнатиро ба ин рӯзи фархунда табрик намуда, вобаста ба ҷоннисориҳои халқи тоҷик баҳри ба даст овардани муқаддасот ва рамзҳои миллӣ суханронӣ намуда, марҳилаҳои қабули ин рамзи миллиро, ки давраҳои тӯлониро дар бар мегирад, қайд намуданд.  Мавсуф дар баромадашон қайд намуданд, ки Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хоса дошта, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннати аҷдодӣ таърихи беш аз 4000-сола дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор аз таърихи парчамдории миллати тоҷик иброз доштаанд, ки - «Ҳанӯз дар парчами Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида, он рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ливои Коваи Бузург бошад - нишонаи равшани муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

Дар баромади мутахассисони соҳавии Агентӣ оиди ифодагари ору номус, шаъну шараф ва эътибори милливу давлатии тоҷикон будани парчам, муҳаббат ва ифтихори доштани он дар рагу пайванд ва қалби ҳар ватандор баромадҳо шунида шуд.

22.11.2024