Таърихи 4 декабри соли 2024 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 30-юмин солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва кормандони Агентии обуҳавошиносӣ иштирок доштанд.
Ҷаласаро муовини дректори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарама Байдуллоева Ҷ.А. бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, рӯзномаи ҷаласаро муаррифӣ намуданд. Мавсуф оид ба нақши барҷастаи “Созишномаи ваҳдати миллӣ”, ки бо ибтикору саъйи беандозаи сарвари кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, ибрози назар намуда, таъмини сулҳу салоҳи сартосарӣ ва гулгулшукуфоии кишварро хеле муҳим арзёбӣ намуданд.
Баромади котиби Ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Агентии обуҳавошиносӣ Доргаев Анваршо пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд, ки дар он оиди масъалаҳои фаъолияти ҳизб, қабули аъзоёни нави ҳизб, баргузории чорабиниҳои гуногун дар ин самт маълумот дода шуд.
Дар охири ҷаласа баромади муовини раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Агентии обуҳавошиносӣ Ашуралиев Д. шунида шуд, ки дар он оид ба фаъолияти пурсамари аъзоёни ҳизб дар ташфиқу тарғиби ғояҳои созандаи ҳизб баҳри рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, ташфиқи ватандӯстии ҷавонон, эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарбияи ҷавонону наврасон изҳори назар намуда, ҳамкории муштараки Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва ташкилотро дар самти обуҳавошиносӣ ва ҳифзи муҳити зист махсус таъкид доштанд.
04.12.2024