Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Мулоқоти раиси Кумита бо намояндаи нави доимии Бонки Осиёгии Рушд дар Тоҷикистон

16 декабри соли равон дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумита Баҳодур Шерализода бо намояндаи нави доимии Бонки Осиёгии Рушд дар Точикистон ҷаноби Ко Сакамото баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо як қатор лоиҳаҳои амалишаванда, аз ҷумла татбиқи нақшаи молиявии Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда, ки бо дастгирии техникии Бонки Осиёии Рушд дар соли 2024 таҳия шудааст, баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо, инчунин дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор дода, ба инобати таҳкими ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва мубориза бо тағйирёбии иқлим ба мувофиқа расиданд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ҳусни тафоҳум намуда, дар мавриди ҳамкориҳои зичу мутақобилан судманд ба мувофиқа расиданд.

Дар хотима раиси Кумита ҷаноби Сакамоторо барои ба вазифаи нав таъйин гардидан табрик намуда, дар корҳои ояндаашон муваффакият орзу намуданд.


https://www.facebook.com/tajnature.tj


19.12.2024