Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси COP-29

18 декабр, дар бинои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумита Баҳодур Шерализода ва раиси КОП-29, вазири экология ва захираҳои табиии Озарбойҷон, Мухтор Бобоев баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи экология, идоракунии захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим, инчунин татбиқи Ёддошти тафоҳум байни ду мақомот баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар чаҳорчӯбаи раёсатии Озарбойҷон то COP-30-и оянда дар Бразилия идома диҳанд, аз ҷумла навсозии Саҳмҳои дар Сатҳи Миллӣ Муайяншуда (NDC 3.0), гуногунии биологӣ, масъалаҳои биёбоншавӣ ва дигар масъалаҳои марбут. Ҳамчунин, доир ба ҳамкории зич дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар чаҳорчӯбаи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомали Рахмон бо дастгирии аксарияти мутлаки кишвархо қабул шудааст, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба мувофиқа расиданд.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта, ҳамаи мавзӯъҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


https://www.facebook.com/tajnature.tj


19.12.2024