Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 28 декабри соли 2024 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Роҳбарият, тамоми раёсат, марказ, шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва шабакаҳои давлатии обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҳисси ватандӯству худогоҳӣ баргузории Паёмро тариқи телевизион тамошо намуданд.

Бояд зикр намуд, ки Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири ҳамаи самтҳои гуногуни ҷомеа буда, дар он масъалаҳои гуногуни ҳаёти кишвар мавриди таваҷҷӯҳ ва таҳлилу арзёбӣ қарор гирифта, дурнамои рушди ҷомеа ва масъалаҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои муҳими стратегии кишвар мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи муҳити зист, таъсири тағйирёбии иқлим ба Сайёра таъкид намуда чунин қайд намуданд: “Кишвари мо дар идомаи ташаббусҳои созандаи худ дар арсаи байналмилалӣ доир ба пешбурди мавзӯъҳои обу иқлим соли 2025-ум дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд. Мо бояд ҳамкориҳоро дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда идома дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар қолаби «Раванди оби Душанбе» тадбирҳои зарурӣ андешем.”

Дар тақвият ба гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо кормандони соҳаи обуҳавошиносиро зарур аст, ки барои дар сатҳи баланд амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти дучанд фаъолият намоем. Моро лозим аст, ки барои амалӣ намудани иқдомҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёми имсола ироа гардидаанд, дучанд кӯшиш намуда, кишвари азизамонро ободу зебо гардонем.   





28.12.2024