Рӯзҳои 8-9 январи соли 2025 Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи "Таъмини раванди самараноки Нақшаи миллии мутобиқсозӣ (НММ) барои Тоҷикистон", ки аз ҷониби Фонди Иқлимии Сабз маблағгузорӣ ва аз ҷониби Барномаи Рушди СММ амалӣ мегардад, семинари омӯзиширо оид ба мавзӯи “Иқлим ва ҳифзи пиряхҳо: ҳалли мутобиқшавӣ ва ҳифз тавассути маълумоти обуҳавошиносӣ”-ро дар ноҳияи Файзобод бо иштироки намояндагони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод баргузор намуд.
Чорабинӣ ба стратегияҳои мутобиқшавӣ ва коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бахшида шуда, иштирокчиён дар он ба масъалаҳои омӯзишии муҳокимаи сиёсати миллӣ ва чаҳорчӯба барои расидан ба ояндаи камкарбон, имкониятҳои коҳиш додани партовҳо дар бахшҳои гуногун, ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ба Нақшаи милли мутобиқшавии Тоҷикистон, омӯзиши механизмҳои молиявӣ барои мубориза бо тағйирёбии иқлим, пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим, мусоидат ба ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, шарикони байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои суръат бахшидани фаъолиятҳо дар самти тағйирёбии иқлим шиносоӣ пайдо намуданд.
09.01.2025