Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Вохӯрии Директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо Сафир Вилли Кемпел, Роҳбари Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе

Таърихи 9 январи соли 2025 Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ. ва мутахассисони соҳавии Агентӣ бо Сафир Вилли Кемпел, Роҳбари Дафтари Барномавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар ш.Душанбе баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки дар ин дидор масъалаҳои ҳамкориҳои судманд дар соли 2025, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштарак, инчунин ҳамкорӣ дар самти омодагӣ ва баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли равон дар ш.Душанбе ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ ва муҳокима шуданд.

10.01.2025