Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории семинари омӯзишӣ оид ба Барномаи “ПЕРСОНА МИС” бо иштироки мутахассисони стансияҳои обуҳавосанҷӣ

Рӯзҳои 13 то 17 январи соли 2025 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бозомӯзӣ ва баланд бардоштани савияи донишҳои назариявӣ ва амалии мутахассисони соҳавии стансияҳои обуҳавосанҷии Кӯлоб, Дарбанд, Ҳамадонӣ, Санглох ва Ёвон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

 Мақсад аз баргузории омӯзиши мазкур коркард ва ҷамъоварии маълумотҳои обуҳавосанҷӣ, сифати мушоҳидаҳо ва таҳлили пурра бо барномаи электронии мушоҳидаҳо - Барномаи “ПЕРСОНА МИС” арзёбӣ гардида, дар ин раванд мутахассисони соҳавӣ савияи донишҳои назариявӣ ва амалиашонро такмил доданд.

Бояд қайд намуд, ки барномаи “Персона-Мис” барои коркард, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумотҳои обуҳавошиносӣ истифода шуда, роҳандозӣ гардидани чорабиниҳои омӯзишӣ боиси рӯҳбаландӣ ва баланд шудани малакаи кории мутахассисони соҳа ва барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолият дар самти мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ нақши муҳимро мебозанд.

17.01.2025

Дигар хабархо