Санаи 17 январи соли 2025 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба шарҳи муҳтавои Пайёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» бо иштироки роҳбарият, коллективи меҳнатии Агентӣ ва муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои ш.Душанбе Саидова Умеда баргузор гардид.
Муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Байдуллоева Ҷамила Акбархоновна бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, қайд намуданд, ки Паёми роҳбари давлат аҳаммияти бисёр муҳими байналхалқӣ дошта, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, роҳи интихобкардаи кишвар, марҳилаҳои тайнамудаи он, низоми арзишҳову ормонҳо ва мушкилоту комёбиҳои кишварро муаррифӣ менамояд.
Дар баромади муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои ш.Душанбе Саидова Умеда оид ба нуқтаҳои Паём махсусан таъкид гардид. Мавсуф аз ҷумла зикр намуданд, ки дар низоми сиёсии давлатдорӣ Паём ҳамчун ҳуҷҷати расмӣ ва роҳнамоест, ки дар раванди рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон, ки тамоми ниҳодҳо дар амалӣ намудани дастуру супориш ва ҳидоятҳои дар он зикршуда муаззафанд, баҳри рӯ ба тараққӣ ниҳодани Тоҷикистони азиз саҳми бориз мегузоранд.
Мутахассисони соҳавии Агентӣ Некноми Т., ва Ниязова М. дар бораи бахшҳои муҳими Паём ибрози назар намуда, қайд намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як нафари худогоҳу ватандӯсти кишвар дастури роҳнамо ва ҳуҷҷати сарнавиштсозу тақдирсоз ба шумор меравад.
17.01.2025