Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Вохӯрии раиси Кумита бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ хонум Селесте Сауло

Санаи 20 январи соли 2025 дар Қароргоҳи Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ хонум Селесте Сауло вохӯрӣ анҷом намуданд.

Дар оғози вохӯри раиси Кумита аз ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба обу иқлим ёдовар шуда, таваҷҷӯҳи хосаро ба масъалаи оғози Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 ва ҷалби фаъолонаи Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносиро ба раванди татбиқи ташаббуси мазкур ҷалб намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин масъалаи омодагӣ ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ гардид.

Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими дигарро, аз ҷумла таҳкими иқтидори техникии Агентии обуҳавошиносии Кумита, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон ва омодасозии мутахассисони ҷавон дар соҳаҳои обуҳавосанҷӣ, иқлимшиносӣ ва гидрология муҳокима карда, ҷонибҳо ҷиҳати идома додани ҳамкориҳои судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо ба мувофиқа расиданд.


Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Instagram (на русском) - https://www.instagram.com/tajnature.tj/

Twitter (English) - https://twitter.com/tajnature

Telegram (на русском) - https://t.me/tajnature

Facebook (Тоҷикӣ) - https://www.facebook.com/tajnature.tj

LinkedIn (English) - https://www.linkedin.com/company/tajnature

YouTube - www.youtube.com/@tajnaturetj

Маркази Ахбори КҲМЗ / Центр экологических новостей КООС РТ


21.01.2025

Дигар хабархо