Санаи 23 январи соли 2025 дар шаҳри Женева мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур бо котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) хонум Татяна Молчан баргузор гардид.
Сараввал раиси Кумита аз ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба обу иқлим ёдоварӣ намуда, масъалаи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи ҳифзи пиряхҳо, ки дар моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ гардид.
Инчунин ҷонибҳо масъалаҳои дигари мубрами имрӯза роҷеъ ба мавзӯъҳои рушди ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо UNECE дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин масъалаҳои минтақавӣ табодули афкор намуданд.
#Glaciers2025 #IYGP2025 #GlaciersPreservation #Tajikistan #DushanbeGlaciers #Glaciers #WMO #UNECE
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Instagram (на русском) - https://www.instagram.com/tajnature.tj/
Twitter (English) - https://twitter.com/tajnature
Telegram (на русском) - https://t.me/tajnature
Facebook (Тоҷикӣ) - https://www.facebook.com/tajnature.tj
LinkedIn (English) - https://www.linkedin.com/company/tajnature
YouTube - www.youtube.com/@tajnaturetj
Маркази Ахбори КҲМЗ / Центр экологических новостей КООС РТ
24.01.2025