5 феврали соли 2025 дар шаҳри Душанбе Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки Осиёгии Рушд дар Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) мизи мудаввар дар мавзуи «Натиҷагирии 29-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP29)» бо иштироки раиси Кумита Баҳодур Шерализода, директори кишаварии Бонки Осиёгии Рушд дар Тоҷикистон (#ADB), ҷаноби Ко Сакамото ва муовини роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (#UNICEF) дар Тоҷикистон хонум Эри Двиведи баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин ҷамъ овардани ҷонибҳои калидии манфиатдор, намояндагони вазорату идораҳои кишвар, коршиносон, шарикони рушд ва бахши хусусӣ барои муҳокима ва таҳлили натиҷаҳои Конфронси 29-уми Тарафҳои (COP-29) Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (UNFCCC) ва дар асоси ҳадафҳои иқлимии кишвар муайян намудани пешниҳод оид ба қадамҳои оянда барои #COP30 буд.
Дар чорабинии мазкур аз ҷониби намояндагони Кумита 2 рӯйнамо пешкаш гардиданд, ки дар онҳо натиҷаҳои бадастовардаи зеррин матраҳ гардиданд:
- баррасии гуфтушунидҳо ва фаъолияти павилиони милии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи COP-29;
- натиҷаҳои COP-29 ва таъсири онҳо ба маблағгузории иқлимӣ аз ҷониби шарикони рушд;
Мизи мудаввар бомуваффақият натиҷаҳои COP29-ро аз нуқтаи назари гуфтушунидҳо дар павилиони миллии «Пиряхҳо-2025» ва таъсири васеътар ба маблағгузории иқлимӣ муайян кард. Мубоҳисаҳо на танҳо дастовардҳои COP29-ро таъкид кард, инчунин қадамҳои минбаъдаро барои тайёрӣ дар сатҳи зарурӣ ба COP30 пешниҳод намуд.
Иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки таҳкими ин натиҷаҳо тавассути таҳкими ҳамоҳангсозӣ, банақшагирии стратегӣ ва сафарбар кардани дастгирии байналмилалӣ барои пешбурди ҳадафҳои иқлимии #Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар амалҳои глобалӣ оид ба тағйирёбии иқлим муҳим хоҳад буд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Instagram (на русском) - https://www.instagram.com/tajnature.tj/
Twitter (English) - https://twitter.com/tajnature
Telegram (на русском) - https://t.me/tajnature
Facebook (Тоҷикӣ) - https://www.facebook.com/tajnature.tj
LinkedIn (English) - https://www.linkedin.com/company/tajnature
YouTube - www.youtube.com/@tajnaturetj
Маркази Ахбори КҲМЗ / Центр экологических новостей КООС РТ
05.02.2025