Дар робита ба ҳидоятҳои хирадмандонаи Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон ҷиҳати амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, № 795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» барои кормандони Дастгоҳи марказии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуд.
Дар курси омӯзишӣ ҳайати кормандон ба ду гурӯҳ (зинаи аввали омӯзиш ва зинаи бозомӯзӣ) тақсим шуда, дарсҳо бо иштироки омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи байналмиллалии забонҳои хориҷии Тоҷикистн ба номи Сотим Улуғзода” баргузор гардиданд.
Боиси зикр аст, кормандони Дастгоҳи марказии Агентӣ зинаи аввали курси омӯзиширо сарбаландона хатм намуда, санаи 10 феврали соли ҷорӣ соҳиби Сертификатҳои курси забони хориҷӣ (англисӣ) шуданд.
10.02.2025