Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Семинари илмӣ дар мавзӯи “Мониторинги захираҳои обӣ, истифодабарии моделҳои обуҳавошиносӣ ҷиҳати пешгӯиҳои обуҳавошиносӣ ва омода намудани кадрҳои соҳавӣ”

Санаи 14 феврали соли 2025 Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултети геология, кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ семинари илмиро доир ба мавзӯи “Мониторинги захираҳои обӣ, истифодабарии моделҳои обуҳавошиносӣ ҷиҳати пешгӯиҳои обуҳавошиносӣ ва омода намудани кадрҳои соҳавӣ”, дар ҳошияи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор намуданд.

Баромадкунандагон тариқи рӯйнамо доир ба мавзӯъҳои “Мониторинги захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон, "Аз рӯи кадом аломатҳо абрҳои жолаовар муайян карда мешаванд". “Мониторинги майдони барфпӯш барои баланд бардоштани дурустии пешгӯиҳои гидрологии “MODSNOW” дар Агентии обуҳавошиносӣ” ва “Омода намудани кадрҳои соҳавӣ” баромад намуда, масъалаҳои захираҳои обӣ, талаботи аҳолӣ об ва тағйирёбии иқлим, идоракунии устувор ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, об барои истеҳсоли озуқаворӣ, дастрасӣ ба оби бехатар, омода намудани кадрҳои баландихтисос матраҳ гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки дар охири семинари илмӣ иштирокчиён ҳамчунин доир ба дастовардҳо ва мушкилоти дар ин самт ҷойдошта табодули афкор намуданд. 

14.02.2025