Рӯзҳои 18-19 феврали соли 2025 Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти Каритас Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ оид ба мавзӯи “Шиносоӣ, насб, истифодабарӣ ва нигоҳдории стансияҳои ҳавосанҷии худкор”-ро бо иштироки кормандони стансияҳои обуҳавосанҷии вилоятҳои Хатлону Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ баргузор намуданд.
Семинари омӯзиширо намояндагони ташкилоти “Каритас Швейтсария”-Раҳматов Н. ва Насибов А. роҳандозӣ намуда, ба кормандони шабакаҳои давлатии обуҳавосанҷӣ нозукиҳои кор ва нигоҳдории стансияҳои худкорро омӯзониданд.
Бояд қайд намуд, ки насби стансияҳои худкори ҳавосанҷӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ва баргузории чорабинии мазкур барои беҳтар намудани сифати пешгӯиҳои обуҳавошиносӣ нигаронида шуда, имкон медиҳанд, ки самаранокии пешгӯиҳои обу ҳаво беҳтар гарданд.
19.02.2025