Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба ҷашни “32-юмин солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Санаи 21 феврали соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 32-юмин солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва тамоми раёсат, марказ, шуъбаҳои Агентӣ иштирок доштанд.

         Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ муовини Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Байдуллоева Ҷ.А. баромад намуда, аҳли нишастро хайрамақдам намуда, матни табрикотии роҳбариятро ироа намуданд. Мавсуф дар баромадашон қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 феврали соли 2023 қайд намуданд, ки Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи ташкили Артиши миллиро аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият дар маркази диққати худ қарор дода буд. Дар ин раванд, яъне замоне, ки дар кишвар ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, мо ташкили қисму воҳидҳои ҳарбӣ, муҳайё намудани заминаҳои моддиву техникӣ, омода кардани афсарону сарбозони далеру шуҷоъи дорои маҳорати баланди касбӣ ва донишу малакаи заруриро вусъат бахшидем.

Дар рафти ҷаласа сардори шуъбаи иттилоотии Раёсати мониторинги муҳити зист Қаҳорова Мавлуда, Соҳибҷамолова Парвина-сардори Маркази пешгӯии обуҳавосанҷӣ, сармутахассиси шуъбаи пешгӯии обшиносӣ Раҳимзода Амрулло баромад намуда, оиди таърих, заминаҳои пайдоиш ва давраҳои рушди қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон барои дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ ҳидоят намудани ҷавонон ибрози ақида намуданд. 

21.02.2025