Санаи 7 марти соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи Модарон” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва кормандони раёсат, марказ, шуъбаҳои Агентӣ иштирок намуданд.
Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло баромад намуда, бонувони Агентӣ ва дар симои онҳо тамоми модарони кишварро бо идашон табрику таҳният намуданд.
Мавсуф дар баромадашон қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошиашон бахшида ба Рӯзи модарон санаи 8 марти соли 2024 ба таври хосса чунин таъкид намуда будан:- “ Бо дарназардошти он, ки занону бонувон ва духтарони мо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар нақши бисёр арзишманду муассир доранд, давлат ва Ҳукумати мамлакат масъалаи таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар маркази сиёсати худ қарор додааст. Ғамхории доимӣ дар ҳаққи занону бонувон, дастгирии пайвастаи ибтикороти созандаи онҳо, фароҳам овардани заминаву имкониятҳои мусоид барои амалӣ гардидани иқдомоти неку ободгаронаашон натиҷа ва баёнгари ҳамин сиёсат мебошад”.
Қурбонзода А.Ҳ. оиди дар соҳаи обуҳавошиносӣ фаъолияти пурсамар доштани бонувону модарони мушфиқу меҳрубон, ки дилбохтаи касби хеш буда, дар самти обуҳавошиносӣ саҳми босазо доранд, махсус таъкид намуданд.
Дар суханрониҳои муовини директори Агентӣ Байдуллоева Ҷ.А., сармутахассиси Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати озон Маҳмадуллоев Ҳ., сардор ва сармутахассиси шуъбаи таҳлилӣ–иттилоотии обуҳавошиносӣ Қудратов Х.С., ва Некноми Т., сармутахассиси Маркази яхшиносӣ Раҳимзода Д. дар васфу ситоиши Модар суханони пурҳикмату саршор аз муҳаббат гуфта шуданд. Ҳар як суханрониҳои дар васфи Зан-Модар гуфташуда бо кафкубиҳои пурмавҷ истиқбол карда шуд.
Дар охири чорабинӣ барои меҳнати собитқадамона ва фаъолияти пурсамар бонувони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
07.03.2025