Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

21-УМИ МАРТ - РУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ бо сарварии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҷойгоҳи калидиро дар меҳвари сиёсати умумиҷаҳонӣ касб намудааст.

     Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад.

 Бо назардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Санаи 14-уми декабри соли 2022 зимни иҷлосияи 77-уми худ, Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пуштибонии 153 кишвари аъзо ташаббуси 5-уми байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи обу иқлим бо иттифоқи оро қабул кард. Тибқи ин қатънома соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд ва аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Инчунин, мутобиқи ин қатънома Созмони Милали Муттаҳид таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли ин созмон Фонди боварии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Ин иқдоми Созмони Милали Муттаҳид бори дигар нуфузи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон медиҳад.

Қатъномаи номбурда аҳаммияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври обшиносӣ (гидрологӣ) ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор қайд намудааст.

Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси қоҳиши густурдаи криосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст.

Ин омил ба паст шудани маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, афзоиши норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳр таъсир расонида истодааст.

Теъдоди зиёди ҳаммуаллифони қатъномаи болозикр бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳаллу фасли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимод дорад.

Санаи 21-уми март эълон гардидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо низ ба ҳифзу нигоҳдошт ва аҳаммияти муҳим доштани пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ равона гардидааст.

Боиси ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома, пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

- Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

- Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

- Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

- Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш. Душанбе.

Санаи 21-уми март муайян гардидани “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” басо рамзӣ ва падидаи нек аст. Зеро ин рӯз мардуми шарифи Тоҷикистон, тамоми тоҷикзабонони ҷаҳон ва мардумони “Ҳавзаи Наврӯз” Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Яъне аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид муайян шудани 21-уми март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” беҳикмат набуда, нишон аз арҷгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ба фарҳанги тоҷикон, махсусан ташаббусҳои Пешвои тоҷикони ҷаҳон, сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Раҳимзода Давлатҷон- мутахассиси шуъбаи яшиносӣ ва барфу тармасанҷии Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ.

17.03.2025