Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

«Омӯзиши ниҳоии Лоиҳаи "Мусоидат ба раванди банақшагирии самараноки мутобиқшавӣ (НММ) барои Тоҷикистон"

Санаи 17 марти соли 2025 «Омӯзиши ниҳоии Лоиҳаи "Мусоидат ба раванди банақшагирии самараноки мутобиқшавӣ (НММ) барои Тоҷикистон", ки аз ҷониби Фонди иқлими сабз (ФИС) маблағгузорӣ шуда, ташаббуси Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид (БР СММ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дар ҳамкорӣ бо Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, баргузор гардид.

Дар чорабинӣ асосан кормандони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ходимони илмӣ, инчунин мутахассисони фаъолияташон ба Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон рабтдошта иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории омӯзиш баланд бардоштани тахассуси мутахассисон ва ҷорӣ намудани усулу технологияҳои пешрафта дар таҳия ва татбиқи нақшаи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар бахшҳои афзалиятноки асосии иқтисоди Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.

Дар рафти омӯзиш иштирокчиён дониши амиқ ва малакаҳои амалӣ ба даст оварда, дар ҷамъбаст бо сертификатҳо ва модулҳои электронӣ сарфароз гардонида шуданд.


19.03.2025