Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Ҳамоиши идонаи Наврӯзӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он

Санаи 20 марти соли 2025 бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар саҳни бинои Агентии обуҳавошиносӣ ҳамоиши идонаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳои зерсохтори он доир гардид, ки дар он оинҳои наврӯзӣ, аз қабили намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ, дастархони “ҳафт сину ҳафт шин” ва бозиҳои варзишӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Дар рафти ҳамоиш иброз гардид, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт, ки Ҳукумати кишвар ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хосса диҳад ва барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намояд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми калидӣ дорад.

Боиси ёдоварист, ки Наврўз аз рӯйи тақвими астрономии шамсӣ ибтидои Соли Нав мебошад. Ин рўзро ЮНЕСКО бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 сентябри соли 2009 ва баъдан 23 феврали соли 2010 дар 64-умин Шӯрои генералии Ассамблеяи СММ ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» қабул намуда, ҳамасола онро дар тамоми ҷаҳон 21 март ҷашн мегиранд. 



21.03.2025