Рӯзҳои 21–22 марти соли 2025, Тоҷикистон, ЮНЕСКО ва ВМО Рӯзи Ҷаҳонии Пиряхҳо ва Рӯзи Ҷаҳонии Обро бо баргузории силсила чорабиниҳои сатҳи баланд дар Душанбе, Ню-Йорк ва Париж таҷлил карданд. Муҳокимаҳои мазкур зарурати амалҳои фавриро барои ҳифзи пиряхҳо ва манбаъҳои оби кӯҳӣ, ки барои миллиардҳо одамон дар ҷаҳон аҳамияти ҳаётан муҳим доранд, таъкид намуданд.
Дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк, коршиносон дар бораи обшавии босруъати пиряхҳо таъкид намуданд. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сиродҷиддин Муҳриддин, қиссаи таъсирбахшеро ҳикоя карданд, ки оқибатҳои тағйиёрбии иқлимро ба таври равшан нишон дод. Ӯ дар бораи Сӯҳроб, деҳқони тоҷикистонӣ, нақл намуд, ки заминҳояш қаблан аз ҳисоби оби пиряхҳо ҳосили фаровон медод.
Аммо имрӯз замини Сӯҳроб ба хушксолии номунтазам ва обхезиҳо гирифтор шудааст, ки зиндагонии хонаводаашро зери хатар мегузорад. Суханони ӯ, гарчанде содда, хеле таъсирбахш буданд:
«Мо дигар чизе намедонем. Як сол обхезиҳо ҳосили моро нест мекунанд. Соли дигар, ҳеҷ чиз намерӯяд. Кӯдакони мо гурусна мемонанд.»
Мутаассифона, ҳикояи Сӯҳроб як ҳодисаи ҷудогона нест. Ин мушкилоти садҳо деҳқон дар Тоҷикистон ва берун аз он мебошад.
Соли 2025, дар шаҳри Париж, ЮНЕСКО Гузориши рушди захираҳои обии ҷаҳонии СММ барои соли 2025-ро нашр намуд, ки дар он нақши муҳимми оби кӯҳистон ва пиряхҳо дар таъмини оби тозаи ошомиданӣ, беҳдошт, амнияти озуқаворӣ ва истеҳсоли нерӯи барқ таъкид карда шуд. Кӯҳҳо ҳамчун «манораҳои обии ҷаҳон» хизмат мекунанд, оби ширинро нигоҳ медоранд ва ба экосистемаҳо ва иқтисодиёт берун аз минтақаҳои кӯҳӣ интиқол медиҳанд.
Инчунин, дар шаҳри Душанбе, 20 марти соли ҷорӣ Конференсияи илмии-амалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид, ки онро Агентии обуҳавошиносӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил намуданд. Чорабинии мазкур эътирофи ҷаҳонии ташаббусҳои Тоҷикистонро дар самти ҳифзи пиряхҳо ва муқовимат ба тағйирёбии иқлим дар доираи Қатъномаи 77-и Маҷмаи Умумии СММ, ки соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардааст, таъкид намуд.
22 марти соли ҷорӣ, шаҳри Душанбе ҳамчунин мизбон Форуми сатҳи баланд дар боғи «Ирам» баргузор намуд, ки ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо бахшида шуда, дар доираи он ҷашни Наврӯз баргузор гардид. Намояндагони ҳукумати кишвар, корпуси дипломатӣ ва коршиносони байналмилалӣ нақши пешбари Тоҷикистонро дар дипломатияи об ва иқдомоти иқлимӣ таъкид намуда, аз ҷумла масъалаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» ва Конференсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар Душанбе баргузор мегардад, қайд намуданд
Ин чорабиниҳо зарурати масъулияти ҷаҳониро барои ҳифзи пиряхҳо, коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ва таъмини дастрасӣ ба об барои наслҳои ояндаро бори дигар таъкид намуданд. Ҳар як иқдом муҳим аст!
#GlacierDay #WorldWaterDay #GlacierAction #ClimateCrisis #SaveOurGlaciers #WaterSecurity #SustainableFuture #ICGP2025
28.03.2025