Санаи 8 майи соли 2025 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад» баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият, сардорони раёсат, марказ ва шуъбаҳои Агентӣ иштирок доштанд.
Нахуст, Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ. ҷаласаро ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуданд, ки барои расидан ба ин зиндагонии шоиста дар баробари дигар миллатҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, мардону занони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми муассиру сазовор гузоштаанд. “9 май- Рӯзи Ғалаба” дар радифи санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дошта, он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст. Мавсуф барои ҳар фарди ҷомеаи мо муқаддас донистани ҳифзи сулҳи пойдор, суботи комили сиёсӣ, таҳкими ваҳдату худшиносии миллӣ ва пояҳои давлатдории тоҷикон махсусан таъкид намуданд.
Сипас, иштирокчиёни дигар дар баромадашон перомуни саҳми иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ибрози андеша карданд. Зикр гардид, ки ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Умуман, аз кишвари мо бештар аз 260 ҳазор нафар бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҷанги зидди фашизм иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл нишон додаанд. Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст.
08.05.2025