Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

«Атласи кӯлҳои пиряхии Тоҷикистон» нашр гардид

Бахшида ба Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхо ва “Соли 2025 - Соли байналмилалаии ҳифзи пиряхҳо” “Атласи кӯлҳои пиряхии Тоҷикистон” дар ҳаҷми 65 саҳифа таҳия ва аз нашр бароварда шуд. “Атласи кӯлҳои пиряхии Тоҷикистон” бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия шуда, дар доираи баргузории Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дастраси хоҳишмандон мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 29 то 31 май мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.

26.05.2025