Дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо санаи 31 майи соли 2025 вохӯрии дуҷонибаи роҳбарият ва мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносӣ бо намояндагони Донишгоҳи Фрибург профессор Кристин Пихсел ва Тсюрих доктор Эван Майлз аз кишвари Швейдсария баргузор гардид.
Дар доираи ин вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда дар самти мониторинги пиряхҳои ҷумҳурӣ, барқарорсозии стансияи обуҳавосанҷии Горбунов, воқеъ дар пиряхи Ванҷях собиқ Федченко, ба роҳ мондани тадқиқотҳои иҷтимоии таърихи омӯзиши пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани иқтидори кадрии Агентии обуҳавошиносӣ матраҳ гардиданд.
Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ муҳокимаи таҳияи Харитаи роҳ ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои Агентии обуҳавошиносӣ бо Донишгоҳҳои Фрибург ва Тсюрихи Швейдсария дар самти омӯзиши пиряхҳо ва сар задани офатҳои табиӣ баррасӣ гардиданд.
02.06.2025