Санаи 24 июни соли 2025 дар арафаи тантанаҳои Ҷашни Ваҳдати Миллӣ, бинои нави стансияи барфу-тармасанҷӣ дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнон ба истифода дода шуд. Фаъолияти стансияи мазкур барои таъмини бехатарии роҳҳо ва сокинон дар фасли зимистон бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои табиӣ, ба вижа боришоти барф ва сар задани зуҳуроти тарма нигаронида шудааст.
Стансия бо истифода аз таҷҳизоти муосир ва системаи мониторингӣ вазъияти барфу тармаро пайгирӣ менамояд, ки ин дар навбати худ аз хатарҳои эҳтимолӣ барои аҳолӣ ва мусофирон пешгирӣ менамояд.
Боиси зикр аст, ки сохтмони бинои стансияи барфу-тармасанҷии Навобод дар доираи ҳамкориҳои судманди Агентии обуҳавошиносӣ бо Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) ва намояндагии ғайритиҷоратии Агентии Оғохон оид ба муҳити зист (AKAH) дар Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Иқдоми мазкур яке аз ташаббусҳои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
24.06.2025