Санаи 26 июни соли 2025 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28-умин солгарди “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” маҷлиси тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва доираи васеъи кормандон баргузор гардид.
Сараввал муовини Директори Агентии обуҳавошиносӣ Абдуллоев Умаралӣ Сайдуллоевич бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, матни табрикотии Директори Агентӣ Қурбонзода Абдулло Ҳабибуллоро ба самъи ҳозирин расониданд. Мавсуф дар баромадашон қайд намуданд, ки Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди бузург ва муқаддаси миллати мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, нақши бузургеро дар сарҷамъии миллат ва пойдории Тоҷикистони азизамон гузоштааст.
Абдуллоев Умаралӣ Сайдуллоевич оид ба имзои санади муҳимми сарнавиштсози таърихи давлатдории навини миллии мо, яъне Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 баъди музокироти тулонӣ бо ташаббус ва саъйу кӯшиши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифзи якпорчагии кишвар ва таъмини сулҳу суботи он сурат гирифт, махсусан қайд намуданд.
Дар рафти баргузории маҷлиси тантанавӣ кормандони Агентӣ оид ба аҳаммияту манзалати Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуда, аҳли кормандони соҳа ва халқи шарифи Тоҷикистонро бо ин ҷашни бузург табрику таҳният гуфта, ба ҳозирин хотири ҷамъ, хонаи обод ва фаъолияти самараноки давлатию ҷамъиятиро баҳри пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азиз таманно намуданд.
26.06.2025