Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Иштирок дар аксияи “Тозагии маҳал” дар доираи Эко-ниммарафони кӯҳии “Seven Lakes”

Рӯзҳои 2-3 августи соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи экологии "Тозагии маҳал" баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи Эко-ниммарафони кӯҳии “Seven Lakes” сурат гирифт ва ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи масъулияти шаҳрвандон дар ҳифзи муҳити зист ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим буд.

Дар чорабинии мазкур кормандони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, дар қатори иштирокчиёни дохилӣ ва хориҷии Эко-ниммарафони “Seven Lakes” бо завқи баланд дар тозакунии маҳал саҳм гузоштанд.

Боиси зикр аст, ки дар ин чорабинӣ намояндагии Агентии обуҳавошиносӣ барои иштироки фаъолонаашон соҳиби ҷоизаи навбатии аксияи экологии "Тозагии маҳал" дар доираи Эко-ниммарафони кӯҳии “Seven Lakes” гардиданд.

Ин иқдом на танҳо ба тозагӣ ва зебоии муҳити зист мусоидат кард, балки намунаи равшани ҳамбастагӣ ва саҳмгузории дастаҷамъона дар рушди фарҳанги экологии ҷомеа гардид.


04.08.2025