Санаи 8 октябри соли 2025 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи роҳбарикунандаи лоиҳаи «Ташаббуси Конвенсияи қолабии СММ оид ба баланд бардоштани иқтидор дар самти шаффофият (CBIT)» баргузор гардид.
Дар ҷаласа директори Агентии обуҳавошиносӣ, муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ., Арутюнян А.Ф. – Директори иҷроияи ФАО дар Тоҷикистон ва аъзоёни Кумитаи роҳбарикунанда иштирок намуданд.
Ҷаласа бо суханони ифтитоҳии роҳбариятҳои Агентӣ ва ФАО оғоз гардида, ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои судманд дар самти иҷрои талаботҳои Созишномаи Париж, тақвияти иқтидори миллӣ ва тадбирҳо оид ба коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлимро таъкид намуданд.
Дар рафти ҷаласа масъалаҳои ҳамкориҳои тарафайн, натиҷаҳои солҳои 2024–2025 ва қадамҳои минбаъда ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии кишвар оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим баррасӣ шуданд.
09.10.2025