Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҶАВОНОНИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ҶАВОНОН – НЕРӮИ СОЗАНДА ВА ОЯНДАИ МИЛЛАТ” БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 15 октябри соли 2025 дар асоси нақша-чорабиниҳои Шӯрои ҷавонони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа таҳти унвони “Ҷавонон – нерӯи созанда ва ояндаи миллат” бо иштироки Роҳбарият ва кормандони ҷавони Агентӣ баргузор гардид.

Бо сухани ифтитоҳӣ ҷаласаро муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Пирзода Сунатуллоҳ Мирзомудин оғоз намуда, оид ба сиёсати ҷавонпарваронаву ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон андешаронӣ карданд.

Муовини директор таъкид намуд, ки ҷавонон бояд бо дарки баланди масъулият ба омӯзиш, таҳкими дониш ва аз худ намудани риштаҳои мухталифи илм талош варзида, барои рушди Ватан ва хидмати содиқона ба миллат саҳми арзанда гузоранд.

Дар идомаи ҷаласа Раиси Шӯрои ҷавонони Агентӣ Раҳимзода А., Раиси Шӯрои занон Қаҳорова М., сармутахассиси шуъбаи таҳлилӣ-иттилоотии обуҳавошиносӣ Некноми Т., сардор ва сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Абдуназаров И., Искандарова В. дар мавзӯъҳои худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор аз давлатдории миллӣ ва нақши ҷавонон дар гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз суханронӣ намуданд.

Ҷаласа дар фазои озоду созанда сурат гирифта, иштирокдорон омодагии худро барои татбиқи ҳадафҳои миллӣ, рушди соҳаи обуҳавошиносӣ ва таҳкими нақши ҷавонон дар ҷомеа иброз доштанд.

 

15.10.2025