Дар Белен-Бразилия, 7 ноябр бо изҳороти расмӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити роҳбарон дар доираи 30-юмин сессияи Конференсияи тарафҳо дар бораи Конвенсия оид ба тағйирёбии иқлим Баходур Шерализода - раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Дар суханронии худ, раиси Кумита ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи ташаббуси калидии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - дар бораи гузаронидани нахустин конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуд. Чорабиние, ки 29-31 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, платформаи таърихӣ барои расидан ба консенсуси таърихӣ дар бораи аҳаммияти нигоҳдорӣ ва ҳифзи пиряхҳо ваёфтани ҳалли мушкилии глобалии обшавии онҳо гардид.
Баҳодур Шерализода таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда, ин масъалаи муҳимро ба чунин сатҳи баланди рӯзномаи байналмилалӣ бардоштааст.
Ҳарчанд ҳиссаи кишвар дар тағйирёбии глобалии иқлим кам аст, раиси Кумита таъкид кард, ки Тоҷикистон ба иҷрои вазифаҳои худ дар доираи Созишномаи Париж ва қадамҳои минбаъда барои амалӣкардани ташаббусҳо дар соҳаи нигоҳдорӣ ва ҳифзи пиряхҳо ва устувории иқлимӣ боқӣ мемонад.
Ҳамчунин, дар рафти суханронӣ дар бораи татбиқи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040 маълумот дода шуд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Instagram (на русском) - https://www.instagram.com/tajnature.tj/
Twitter (English) - https://twitter.com/tajnature
Telegram (на русском) - https://t.me/tajnature
Facebook (Тоҷикӣ) - https://www.facebook.com/tajnature.tj
LinkedIn (English) - https://www.linkedin.com/company/tajnature
YouTube - www.youtube.com/@tajnaturetj
Маркази Ахбори КҲМЗ / Центр экологических новостей КООС РТ






10.11.2025