Санаи 14 ноябри соли 2025 дар ҳошияи 30-юмин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР-30), дар шаҳри Белени Бразилия чорабинии канорӣ дар мавзӯи “Роҳҳои ҳалли мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Чин” баргузор гардид, ки онро Вазорати экология ва муҳити зисти Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳамкорӣ бо Хадамоти обуҳавошиносии Чин, дигар муассисаҳои пешрафтаи илмӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил намуданд.
Дар кори чорабинӣ роҳбарият ва мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, муҳимияти мавзӯҳои баррасишавандаро барои кишварҳои дорои осебпазирии баланд ба хатарҳои иқлимӣ таъкид намуданд.
Намояндаи ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Шодмонов дар муҳокимаи панелӣ иштирок намуда, оид ба мавзӯи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои кӯҳӣ суханронӣ ва дар самти масъалаҳои зарурати рушди “Низоми огоҳии бармаҳал” доир ба хатарҳои табиӣ ва муосирсозии он, аҳамияти ҳамкории байналмилалӣ ва мубодилаи маълумот барои баланд бардоштани самаранокии тадбирҳои мутобиқшавӣ, зарурияти дастгирии кишварҳои осебпазир ба таъсири тағйирёбии иқлим, афзалияти рушди иқтидори илмӣ ва таҳкими механизмҳои институтсионалиро дар соҳаи мутобиқшавӣ таъкид намуд.
Чорабинии канорӣ ба сифати як минбари муҳим барои муҳокимаи ташаббусҳои глобалӣ ва миллӣ дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим хизмат намуда, имкониятҳои ҳамкориҳои байналмилалиро баҳри таҳкими устувории иқлимӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Ҳуҷҷатҳо ва робитаҳои бадастомада дар оянда барои татбиқи вазифаҳои aфзалиятноки Тоҷикистон дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди “Низоми огоҳии бармаҳал” истифода хоҳанд шуд.









17.11.2025