Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории омӯзиш (тренинг)-и миллии ҳассосият ба масъалаҳои гендерӣ дар самти ҷамъоварии маълумот, бойгоникунонӣ ва пайгирии амалҳои Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда

Рӯзҳои 27–28 ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди умумиҷаҳонии экологӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон омӯзиш (тренинг)-и миллии ҳассосият ба масъалаҳои гендерӣ дар самти ҷамъоварии маълумот, бойгоникунонӣ ва пайгирии амалҳои Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда (ССММ/NDC) бо иштироки намояндагонаи вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар рафти омӯзиши дурӯза масъалаҳои “Гузоришҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим”, “Масъалаҳои ҳалталаб ва тавсияҳо оид ба ҷалби занон ба татбиқи чораҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим”, “Ташкил ва такмили низоми ҷамъоварии маълумот барои омода намудани барӯйхатгири (инвентаризатсия)-и миллии газҳои гулхонаӣ”, “Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи амали он барои солҳои 2025–2027” баррасӣ гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки баргузории омӯзиш (тренинг)-и миллӣ бо мақсади баланд бардоштани дониш ва малакаҳои намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти амалӣ намудани талаботҳои Созишномаи Париж, барномаҳо ва стратегияҳои миллӣ оид ба мутобиқшавӣ ва коҳиши паёмадҳои тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

12.12.2025