Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории дарси бозомӯзӣ барои кормандони ҷавони Агентии обуҳавошиносӣ

Санаи 5 декабри 2025 дар асоси нақша-чорабиниҳои Шӯрои ҷавонони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси бозомӯзӣ барои кормандони ҷавон баргузор гардид.

Дар доираи баргузории дарси омӯзишӣ тариқи рӯйнамо Фаъолияти Маркази пешгӯии обуҳавосанҷӣ муаррифӣ гардида, иштирокчиён доир ба самтҳои фаъолияти Марказ, пешгӯиҳои обу ҳаво, пешгӯиҳои обшиносӣ (гидрологӣ), пешгӯиҳои кишоварзӣ (агрометеорологӣ), коркарди маълумотҳои фаврӣ, мушоҳидаҳои ҳаррӯзаи дарёҳои ҷумҳурӣ, истифодаи моделҳои пешгӯии обу ҳаво, ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва васоти ахбори омма маълумот гирифтанд.

Дарсҳои бозомӯзӣ барои ҷавонон шароит муҳайё месозанд, то дониш ва маҳоратҳои касбии худро баланд бардошта, фаъолияти худро дар соҳаи обуҳавошиносӣ пурсамар намоянд.

12.12.2025