Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории омӯзишҳо оид ба тақвияти иқтидори техникӣ дар доираи Созишномаи Париж

Рӯзҳои 13–16 январи соли 2026 бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди умумиҷаҳонии экологӣ, омӯзиш (тренинг)-ҳо оид ба тақвияти иқтидори техникӣ дар доираи Созишномаи Париж баргузор гардид.

Омӯзишҳо масъалаҳои муҳими марбут ба иқлим, аз ҷумла «Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда» (NDC), «Ҳисоботи дусолаи шаффофият» (BTR), «Мониторинг, ҳисоботдиҳӣ ва санҷиш» (MRV), «Гузоришҳои миллии иқлимӣ» (NC) ва “Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим” (COP)-ро дар бар гирифтанд.

Дар омӯзишҳо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои ҷумҳурӣ иштирок намуда, бо ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созишномаи Париж ва роҳҳои амалисозии онҳо шинос шуданд. Иштирокчиён оид ба таҳияи барӯйхатгири (инвентаризатсия)-и миллии газҳои гулхонаӣ, рушди низоми ҳисоботдиҳӣ, татбиқи тадбирҳои мутобиқшавӣ ва коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим маълумоти муфассал гирифтанд.

Бояд қайд намуд, ки яке аз механизмҳои асосии таъмини шаффофият дар ҳисоботҳои иқлимии ҷумҳурӣ “Гузориши дусолаи шаффофият” (BTR) мебошад. Дар ин гузориш маълумот оид ба партов ва ҷаббиши газҳои гулхонаӣ, пешрафт дар татбиқи “Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда” (NDC) ва тадбирҳои мутобиқшавӣ инъикос меёбанд.

16.01.2026