Санаи 31 январи соли 2026 дар дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе чорабинии идона бахшида ба ҷашни бостонии Сада бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, аҳли фарҳанг ва ҷавонон баргузор гардид.
Дар ин чорабинии фарҳангиву маърифатӣ Роҳбарият ва кормандони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як рӯҳияи баланди миллӣ ва ҳисси худшиносӣ иштирок намуданд.
Дар намоиш Санҷишгоҳи сайёри мушоҳидаи ҳавои атмосферӣ, таҷҳизоти парвозкунандаи бесарнишин (дрон) барои мониторинги пиряҳо ва мушоҳидаи сифати ҳавои атмосферӣ, инчунин воситаи нақлиёти ҳамаҷогард ҷиҳати корҳои тадқиқотӣ-экспедитсионӣ, олот, таҷҳизот ва сарилибоси махсус барои мушоҳидаи пиряхҳо, захираи барф ва кӯлҳои пиряхӣ, расму нигораҳои табиати нотакрори Тоҷикистон, мониторҳо ҷиҳати омода намудани пешгӯиҳои обуҳавосанҷӣ ва филми ҳуҷҷатӣ оиди пиряхҳо мавриди тамошои иштирокчиёни чорабинӣ гузошта шуд.






02.02.2026