Санаи 3 марти соли 2026 дар доираи амалишавии “Барномаи бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)” хонандагони Литсейи “Раҳнамо”-и шаҳри Душанбе аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.
Ҳангоми дидор хонандагон аз фаъолияти Маркази пешгӯии обуҳавосанҷӣ, Раёсати мониторинги муҳити зист ва стансияи обуҳавосанҷии шаҳри Душанбе шинос шуданд. Мутахассисони соҳавии Агентӣ ба хонандагон дар бораи тарзи омода намудани пешгӯии обу ҳаво, мушоҳидаҳои санҷишгоҳии ифлосшавии ҳаво ва обҳои сатҳӣ, ҳамзамон оид ба зуҳуроти табиӣ, аз қабили боришоти барфу борон, жола, шамол ва дигар омилҳои обуҳавошиносӣ маълумот доданд.
Дар давраи боздид хонандагон бо фаъолияти обуҳавошиносӣ аз наздик шинос шуда, зарурияти омӯзиши илмҳои дақиқ ва аҳамияти он дар зиндагии рӯзмарра ва муҳити зистро дарк карданд.
Бояд қайд намуд, ки “Барномаи бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)” барои тақвияти тафаккури мантиқӣ, моделсозии риёзӣ ва технологияҳои иттилоотӣ равона шуда, ҳадафҳои асосии он аз дастгирии таҳқиқоти илмӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон, навсозии санҷишгоҳҳо ва татбиқи дастовардҳои илмӣ дар амалия иборат аст.






03.03.2026