Дар робита ба паҳн гардидани маълумот дар баъзе манбаъҳо оид ба эҳтимолияти интиқоли «абрҳои кислотӣ» ба минтақаи Осиёи Марказӣ, пас аз низоъҳои низомӣ дар қаламрави Эрон, Агентии обуҳавошиносӣ чунин иттилоъ медиҳад.
Тибқи маълумоти таҳлили вазъи обуҳавошиносӣ рӯзҳои 9–10 марти соли 2026, шароити обу ҳаво дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя бо гузариши фронти сард ва воридшавии анбӯҳи ҳавои сард аз самти минтақаҳои шимолу ғарбӣ муайян гардид. Ин равандҳо бо пастшавии бошиддати ҳарорати ҳаво, шиддатёбии вазиши шамоли аз самтҳои ғарб ва шимолу ғарб, боришоти борон ва гузариши борон ба барф, аз ҷумла дар ноҳияҳои водию доманакӯҳӣ мусоидат намуданд. Қаблан аз ҷониби Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин зуҳурот огоҳии тӯфонӣ саривақтӣ нашр гардида буд ва равандҳои обуҳавошиносии пешгӯишуда дар маҷмӯъ тасдиқи худро ёфтанд.
Бо дарназардошти гардиши ташаккулёфтаи атмосфера, интиқоли асосии анбӯҳҳои ҳаво дар давраи баррасишаванда аз минтақаҳои шимолу ғарб ба ҷанубу шарқ равона гардида буданд, ки ин ба мавҷуд будани интиқоли мустақими анбӯҳҳои ҳаво аз минтақаи Эрон (Ховари Миёна) ба самти Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ишора намекунад. Илова бар ин, бояд ба назар гирифт, ки ҳангоми боришот покшавии табиии атмосфера аз заррачаҳои аэрозолӣ ба амал меояд. Ҳангоми интиқоли моддаҳои ифлоскунанда ба масофаҳои дур, консентратсияи онҳо низ дар натиҷаи омехташавии турбулентӣ, парокандашавӣ ва таҳшиншавӣ ба таври назаррас коҳиш меёбад.
Ҳамин тавр, дар асоси маълумоти мавҷудаи обуҳавошиносӣ, таҳлили вазъи обуҳавошиносӣ ва мушоҳидаҳои ҷорӣ, маълумот дар бораи ташаккул ва интиқоли «абрҳои кислотӣ» ба минтақа тасдиқи кофии илмӣ надорад. Дар айни замон барои хулоса баровардан оид ба мавҷуд будани хатари интиқоли чунин массаҳои ифлосшудаи ҳаво ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон асос мушоҳида намешавад. Илова бар ин, тибқи маълумоти стансияҳои обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, инчунин Нуқтаи назорати ифлосшавии ҳавои атмосфера дар шаҳри Душанбе, ҳолатҳои ба қайд гирифтани абрҳои заҳролуд ё боришоти заҳролуд ба мушоҳида нарасидааст.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мониторинги вазъи обуҳавошиносӣ ва экологиро идома дода, дар сурати зарурат, дар доираи тартиби муқарраргардида мақомоти давлатӣ ва аҳолиро сари вақт огоҳ хоҳад кард.

12.03.2026