Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Дар Агентии обуҳавошиносӣ вохӯрӣ бо коршиноси байналмилалӣ оид ба баррасии Барномаи минтақавии стратегии амал ва Нақшаи миллии амал оид ба криосфера барои солҳои 2027–2035 баргузор гардид

Дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии мутахассисони соҳавӣ бо Мариам Шотадзе -коршинос оид ба масъалаҳои экологӣ ва иҷтимоии Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмаато, дар доираи лоиҳаи минтақавии Фонди глобалии экологӣ–Барномаи рушди СММ–ЮНЕСКО оид ба криосфера баргузор гардид.

Чорабинӣ дар шакли машварат бо ҷонибҳои асосии ҳавасманди Тоҷикистон доир ба масъалаҳои баррасии стратегии экологӣ ва иҷтимоии Барномаи минтақавии стратегии амал (SAP) ва Нақшаи миллии амал (NAP) оид ба криосфера барои солҳои 2027–2035 баргузор шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ методологияи баррасии стратегии экологӣ ва иҷтимоӣ, натиҷаҳои тартиби баррасии иҷтимоӣ-экологии лоиҳаҳои пилотӣ, инчунин натиҷаҳои баррасии стратегии экологӣ ва иҷтимоии Барномаи стратегии амал ва Нақшаи миллии амал муаррифӣ карда шуданд.

Дар доираи муҳокима ба масъалаҳои хатарҳои экологӣ ва иҷтимоӣ, сатҳи хатарҳо ва тадбирҳои пешниҳодшуда барои идоракунии хатарҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Иштирокчиёни вохӯрӣ мубодилаи афкор ва пешниҳодҳо намуда, аҳамияти ҳамкории байниидоравӣ, истифодаи равиши илмӣ-амалӣ ва тақвияти ҳамкории минтақавиро дар масъалаҳои арзёбии низомҳои баландкӯҳи нивалӣ-яхшиносӣ, рушди устувор ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таъкид намуданд.

Дар вохӯрӣ ҳамзамон намояндагони муассисаҳои соҳавӣ ва ташкилотҳои ҳавасманд иштирок намуданд. Баргузории чунин машваратҳо ба таҳкими муколамаи касбӣ, такмили усулҳои арзёбии хатарҳо ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти муштарак дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, мониторинги криосфера ва идоракунии захираҳои обӣ мусоидат менамояд.


14.03.2026