Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Ҷаласаи машваратӣ дар мавзӯи «Ташаккули ӯҳдадориҳои навшудаи иқлимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда 3.0

Санаи 13 марти соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ тибқи Лоиҳаи “Дастгирии такмили Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим (NDC3.0)” ҷаласаи машваратӣ дар мавзӯи «Ташаккули ӯҳдадориҳои навшудаи иқлимии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бахшҳои энергетика, захираҳои об, нақлиёт ва инфрасохтор”-ро, баргузор намуд, ки дар рафти он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ – тадқиқотии ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

 Дар доираи ҷаласаҳои мавзӯӣ, тариқи рӯйнамоҳо ва баҳсу мунозираҳо мавзӯъҳои “Равишҳо ба таҳияи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда - 3.0-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (ССММ-3.0): таҷрибаи байналмилалӣ, марҳилаҳои банақшагирӣ ва муайян намудани самтҳои асосии афзалиятнок”, “Ҳамгироии тадбирҳои мутобиқшавӣ ва коҳишдиҳӣ дар раванди таҳияи ССММ-3.0-и Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Нақшаи амалҳои Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2025–2027 ҳамчун механизми мониторинг ва банақшагирии тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар доираи ССММ - 3.0” ва дигар мавзӯъҳои марбут ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии иқлимӣ дар доираи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ва Созишномаи Париж яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, масъалаҳое, ки дар доираи ин чорабинӣ баррасӣ гардиданд, мустақиман ба пешбурди минбаъдаи кишвар дар роҳи иҷрои ӯҳдадориҳои худ, инчунин ба таҳкими механизмҳои миллӣ барои татбиқи онҳо ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои умумии иқлимӣ мусоидат менамоянд.

17.03.2026