Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Муколамаи минтақавӣ оид ба илмҳои криосфера дар Осиёи Марказӣ

Санаи 19 марти соли ҷорӣ дар ҳошияи баргузории чорабинии сатҳи баланд бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо-2026: аз соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо - 2025 то Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ (2025-2034)” муколамаи минтақавӣ оид ба илмҳои криосфера дар Осиёи Марказӣ бо иштироки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар рафти он мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок ва суханронӣ намуданд. Муколамаи минтақавӣ аз тарафи Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмаато ташкил карда шуд.

Дар доираи чорабинӣ масъалаҳои мушкилот вобаста ба таъсири тағйирёбии иқлим ба криосфера ва захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар замони ҳозира ва оянда, баланд бардоштани иқтидори тахассусӣ ва технологӣ, ҳамзамон ҳамкорӣ дар самти огоҳсозии бармаҳал оид ба рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар маҷмӯъ, Муколамаи минтақавӣ зарурати таҳкими ҳамкориҳои фарогири минтақавӣ, мубодилаи иттилоот ва татбиқи барномаҳои муштаракро барои таъмини амнияти обӣ, коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ бори дигар тасдиқ намуда, ба рушди иқтидори инсонӣ, такмили низоми маориф ва таҳкими ҳамкорӣ байни донишгоҳҳо, муассисаҳои илмӣ ва идораҳои соҳавӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардид. 

22.03.2026