Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Чорабинии канорӣ: хатарҳои таназзули пиряхҳо ва таъсири он ба рушди устувор

Санаи 19 марти соли 2026 дар доираи Чорабинии сатҳи баланд бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026: аз Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо - 2025 то Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ (2025-2034)” дар қароргоҳи ЮНЕСКО Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташаббуси байналмилалӣ оид ба  иқлим ва криосфера (ICCI) чорабинии байналмилалии канорӣ баргузор намуд, ки ба хатарҳои таназзули пиряхҳо ва таъсири онҳо ба рушди устувор бахшида шуда буд.

Дар меҳвари муҳокима маълумоти муосири илмӣ, хатарҳои иқлимӣ ва тадбирҳои амалӣ, аз ҷумла таҳияи харитаи байналмилалии роҳ барои ҳифзи пиряхҳо қарор доштанд. Дар доираи чорабинӣ натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (Душанбе, 2025), инчунин ҳуҷҷатҳои муҳими сиёсӣ, ки ба таҳкими ҳамкориҳои глобалӣ равона шудаанд, муаррифӣ гардиданд.

Дар ҷараёни мубоҳисаи панелӣ бо иштироки намояндагони давлатҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи илмӣ масъалаҳои амнияти захираҳои обӣ, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва осебпазирии минтақаҳои кӯҳӣ баррасӣ шуданд. Дар муҳокима, аз ҷумла, намояндагони давлатҳои Чили, Бангладеш, Бутан, Антигуа, Барбуда, Норвегия, инчунин коршиносони пешбари байналмилалӣ ва мутахассисони соҳаи илмҳои криосфера ва сиёсати иқлим иштирок намуданд. Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи кишварҳои Осиёи Марказӣ суханронӣ намуда, мушкилоти умумии минтақавии вобаста ба таназзули пиряхҳо ва зарурати муттаҳидсозии талошҳоро барои бартараф намудани онҳо таъкид намуд.

Таваҷҷуҳи махсус ба нақши шарикии байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳо дар доираи ташаббусҳои глобалӣ, аз ҷумла рушди илмҳои криосфера ва таҳкими ҳамкории байни кишварҳое, ки бештар ба хатарҳои таназзули пиряхҳо дучор мешаванд, зоҳир гардид.

Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин мулоқоти Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо Директори Ташаббуси байналмилалӣ оид ба  иқлим ва криосфера (ICCI) хонум Пэм Пирсон баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар самти мониторинг ва омӯзиши ҷузъҳои криосфера, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, татбиқи равишҳои илмӣ-амалӣ, инчунин таҳкими ҳамкорӣ дар самти арзёбии экосистемаҳои баландкӯҳӣ баррасӣ шуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои мулоқот ҷонибҳо ташаббуси баргузор намудани экспедитсияи байналмилалии илмиро дар пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба амиқгардонии таҳқиқоти илмӣ, табодули дониш ва рушди ҳамкории амалӣ дар соҳаи илмҳои криосфера равона шудааст, ҷонибдорӣ намуданд.

Ташаббуси мазкур пешсафии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи глобалии ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар посух ба мушкилоти муосири иқлимӣ тасдиқ намуд.

22.03.2026