Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

23 март - Рӯзи умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ

 

Рӯзи 23 март обуҳавошиносон дар саросари ҷаҳон иди касбии худ — Рӯзи умумиҷаҳонии обуҳавошиносиро ҷашн мегиранд. Ин ҷашн бори аввал соли 1961, яъне 11 сол пас аз таъсисёбии Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (СУО) таҷлил карда шуд.

Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ 23 марти соли 1950 таъсис ёфта, соли 1951 ба Оҷонсии махсуси Созмони Милали Муттаҳид табдил ёфт. Ин созмон аз Муассисаи байналмилалии обуҳавошиносӣ, ки соли 1873 таъсис ёфта буд, сарчашма мегирад.

Ҳар сол, СУО Рӯзи умумиҷаҳонии обуҳавошиносиро зери шиорҳои мушаххас ҷашн мегирад, ки он ба мавзӯи муҳиме бахшида мешавад. Соли ҷорӣ ин иди бошукӯҳ дар мавзӯи «Имрӯз мушоҳида мекунем — фардоро ҳифз менамоем» бахшида мешавад. Ҷашнвораҳои Рӯзи умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар васоити ахбори оммаи тамоми ҷаҳон инъикос карда мешаванд.

Шароити имрӯзаи Курраи замин аз обу ҳаво вобастагии ногусастанӣ дорад, ки мо онро ҳатто дида наметавонем. Агар мо надонем, ки чӣ гуна ҳаво моро интизор аст, барои оянда нақшае сохта наметавонем. Таъсири обу ҳаво ва иқлим ба ҳама бахшҳои фаъолияти иқтисодии инсон - аз нақлиёт, кишоварзӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ то сӯзишворию энергетикӣ, сохтмон ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт мерасад. Обу ҳаво ва огоҳиҳои барвақтӣ, ки ба вазорату идораҳо ва ташкилотҳои манфиатдор интиқол дода мешаванд, ба кам шудани талафоти иқтисодӣ ва таъмини амнияти ҷомеа кӯмак мерасонанд.

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи пуршараферо дошта, роҳи тӯлониеро паймудааст. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳо дар нимаи дуюми асри XIX ташкил карда шудаанд. Аввалин стансияи обуҳавосанҷӣ соли 1866 дар шаҳри Хуҷанд таъсис ёфт. Баъдан чунин стансияҳо соли 1873 дар шаҳри Истаравшан, соли 1879 дар шаҳри Панҷакент, соли 1894 дар ноҳияи Мурғоб, соли 1898 дар шаҳри Хоруғ ва соли 1929 дар шаҳри Қурғонтеппа (айни замон шаҳри Бохтар) кушода шуданд. Ин стансияҳо барои омӯзиши иқлими Тоҷикистон ва гузаронидани мушоҳидаҳои мунтазами метеорологӣ фаъолиятро оғоз намуданд.

Агентии обуҳавошиносӣ дар доираи ваколатҳои худ мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ, обнокии дарёҳо, сифати ҳавои атмосферӣ ва обҳои сатҳӣ, мушоҳидаҳои иқлимӣ, мушоҳидаҳо оид ба қабати барф ва пиряхҳо, пешгӯиҳо ва огоҳӣ оид ба сар задани зуҳуроти табииро таҳия ва ба сохторҳои дахлдор пешниҳод менамояд. Айни замон мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ дар марказҳои обуҳавосанҷии вилоятӣ, стансияҳои обуҳавосанҷӣ, барфу тармасанҷӣ, агрометеорологӣ, дидбонгоҳҳои обсанҷӣ, нуқтаҳои сифати ҳаво ва шабакаи мониторинги муҳити зист пеш бурда мешаванд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи обуҳавошиносии кишвар таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, барои таҳкими низоми миллии мониторинги обу ҳаво, навсозии инфрасохтори обуҳавошиносӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти омӯзиши иқлим, захираҳои обӣ ва криосфера пайваста мусоидат менамоянд.

Бо дастгириҳои ҳамаҷониба ва сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти шабакаи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ такмил ёфта, имкониятҳои пешгӯии зуҳуроти хатарноки табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият ёфта истодаанд.

Айни замон дар сохтори Агентии обуҳавошиносӣ 54 стансияҳои обуҳавосанҷӣ, 96 дидбонгоҳи обсанҷӣ мавҷуд буда, стансияҳои худкори ташхиси сифати ҳаво, обуҳавосанҷӣ ва обсанҷӣ фаъолияти пурсамар доранд.

Рушду нумӯи соҳаи обуҳавошиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардида, барои таҳкими зерсохтори соҳавӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири мушоҳида ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои обуҳавошиносӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. 

23.03.2026